«Ман ҳастам ва ман хоҳам буд!» : Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ доир гардид

«Ман ҳастам ва ман хоҳам буд!» : Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон  таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ доир гардид
Феврал 04
15:14 2021

Имрӯз, 4 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории саратон таҳти унвони «Ман ҳастам ва ман хоҳам буд!»  семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар рафти семинари омӯзишӣ масъалаҳои пешгирии бемории саратон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта шуда, доир ба роҳҳои нави пешгирӣ ва табобати бемории мазкур аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл  мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконоти мавҷуда ва воридоти дастгоҳи муосири тиббӣ  нахустин маротиба дар мамлакат ҷарроҳии саратони бачадонро бо истифодаи таҷҳизоти эндовидеоӣ муваффақона анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар маркази мазкур даҳҳо нафар мутахассисони  варзидаи соҳа, ки дар бонуфӯзтарин муассисаҳои илмию хизматрасонии тиббии кишварҳои  тараққикардаи ҷаҳон такмили ихтисос гирифтаанд, фаъолият менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки давоми солҳои охир маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази мазкур  якчанд номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ дастрас карда шудааст, ки тавассути онҳо барои хизматрасонии тиббӣ шароити фароҳам оварда шудааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412