Манзили истиқоматии маъюби гурӯҳи якум Саодат Хоҷаева навсозӣ мешавад

Манзили истиқоматии маъюби гурӯҳи якум Саодат Хоҷаева навсозӣ мешавад
Январ 20
13:07 2020

Манзили истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, маъюби гурӯҳи якум  Саодат Хоҷаева навсозӣ мешавад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон  ба Маҷлиси Олӣ  аз матиниродагии ин модари дорои имконоти ҷисмонии маҳдуд ситоиш намуда, рӯзгори ӯро намунаи ибрат хонданд.

Бино ба иттилои шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, 17 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати Саодат Хоҷаева ба манзили зисти ӯ рафта, ба ин хонавода аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои пуливу молӣ расонид.

Тибқи иттилои манбаъ, айни замон аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ корҳои навсозии   хонаи истиқоматии С.Хоҷаева   идома доранд.

Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо корҳои  сохтмонии манзили  зисти Саодат Хоҷаева таъкид намуд, ки дар баробари  навсозии хона  атрофи  онро низ сафолакпӯш намоянд.
Ёдовар мешавем, ки  Пешвои миллат гуфтанд, ки бояд мардуми  мамлакат аз зиндагии чунин модарон ибрат гиранд. Зеро Саодат Хоҷаева  модари 3 фарзанд  буда,  бо вуҷуди  аз дасти гиро маҳрум будан бо пойҳои худ ба корҳои кишоварзӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро   пеш мебарад.

Номбурда бо вуҷуди сахтиҳои  рӯзгор зиндагиро дӯст медорад. Ӯ рӯҳафтода нашуда, баҳри таъмини зиндагии сазовор барои пайвандонаш заҳмат мекашад.

Саодат Хоҷаева барои дастгирию кумаки беғаразонаашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳори сипос намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 12
  • 41
  • 1,085,840