Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе 91,7% иҷро гардид

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе 91,7% иҷро гардид
Сентябр 01
14:35 2021

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории каронавируси COVID-19 дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Ба иттиллои дастрас то ба ҳолати шоми 31 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 2 миллиону 9 ҳазору 748 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 798 ҳазору 308 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 91,7% иҷро гардидааст.

Маврид ба ёдоварист, ки аз давраи хуруҷи бемории каронавируси COVID-19  4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории болозикр вориди қаламравӣ кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки ба ҳолати 31 август 34,5% аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории каронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412