Масъалаҳои ба низом даровардани ҷараёни рақамикунонии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои ба низом даровардани ҷараёни рақамикунонии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд
Феврал 05
16:35 2021

Имрӯз, 5 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба низом даровардани ҷараёни рақамикунонии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва маъмурикунии пешбурди минбаъдаи махзани ягонаи электронӣ оид ба маъюбон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ҷаласаи назоратии онлайнӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур  ҳамзамон сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии вазорат ва кормандони масъули ин раёсат, муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, роҳбари гурӯҳи техникии назди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, инчунин, сардорони сохторҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявии хадамот  иштирок намудаанд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, ҷалб намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо ва бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи ҷаласа паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои макзур мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412