МОҲИ ХАЙРУ ЭҲСОН. Ба 60 нафар оилаҳои ниёзманди ноҳияи Лахш кумаки якдафъаина расонида шуд

Апрел 19
10:11 2021

Дар  моҳи шарифи Рамазон ба 60 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш маводи озуқа ва маҳлулҳои антисептиқӣ тақдим намуданд, ки ин амали башардӯстона-дастгирии оилаҳои ниёзманд сабаби болидахотирӣ ва  рӯҳбаландии сокинони ноҳия гардид.

Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ноҳия барои амалӣ  гардонидани  сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Мудири бахши ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ноҳияи Лахш Тоқтосун Роопов ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки соли равон баҳри беҳдошти вазъи саломатии маъбон ҷиҳати тавонбахшии онҳо 6 адад  аробачаҳои маъюбӣ,   8 адад асобағал, 18 адад асои чӯбин, 1 адад дастгоҳи шунавоӣ, 9 адад асои то оринҷ ва 1 адад курсии маъюбӣ ба шахсони эҳтиёҷманд дастрас карда шуд.

Ҳамчунин дар ин давра  ба 550 нафар ятимони куллу нимятим, 10 нафар шахсони маъюб, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои дорои ду ва зиёда маъюб ба маблағи 27 ҳазору 550 сомонӣ  туҳфаҳои идонаю маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412