Муҳокимаи натиҷаҳои баҳогузории амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”

Муҳокимаи  натиҷаҳои баҳогузории амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”
Октябр 16
14:41 2018

Субҳи имрӯз дар  Маҷмааи давлатии “Душанбе Плаза”, воқеъ дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, вобаста ба  муҳокимаи   натиҷаҳои баҳогузории амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ҷамъомад баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз рафти татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ташкил намуд.

Дилором Содиқова,  ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷамъомади мазкурро роҳбарӣ намуда, дар рафти он сардорони раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Поканевич,  роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳбарият ва намояндагони  сохторҳои тандурустии шаҳру вилоятҳои кишвар, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон,  роҳбарият ва кормандони шарикон оид ба рушд  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дилором Содиқова бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба мавзӯи “Таҳияи сиёсати миллӣ: ҳоло мо дар куҷо карор дорем ва нақшаҳои мо кадом аст”, маърӯза намуд.

Мавзӯи аслии дигаре, ки дар рафти баргузории ҷамъомад мавриди   муҳокима қарор гирифт, ин таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» буд.

Чорабинӣ то ба шоми имрӯз идома ёфта, иштирокчиёни он рафти татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”, натиҷаҳои баҳогузории амалисозии старетегияи мазкурро муҳокима намуда, ҳамзамон зарурат ва дурнамои таҳияи ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411