Мулоқот бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Мулоқот бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Феврал 22
14:47 2023

21 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии сардори сарраёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии  ин кишвар  Муҳаммад ибни Абдулҳоди Ал-Матрафӣ  мулоқот намуд.

Нахуст Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯз ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар марҳалаи рушд қарор доранд.

Дар идома ҷонибҳо доир ба масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гашт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412