Мулоқот бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон

Мулоқот бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон
Ноябр 10
13:45 2021

Имрӯз, 10 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон мулоқот  намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода ба ҷаноби сафир барои саҳмгузории бевосита дар рушди равобити Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, бо такя ба пайвандҳои дӯстию бародарӣ омодагии  вазоратро барои идомаи фаъолият баҳри таҳкими робитаҳои ҳасана, ки миёни кишварҳоямон  хуб ба роҳ монда шудаанд ва ба манфиати муштараки мардумони ба ҳам дӯст хидмат мекунанд, иброз  намуд.

“Мо шоҳиди он ҳастем, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва мардуми он дар расонидани кӯмакҳо ба муҳтоҷону ниёзмандон, беморону мубталоён ва зарардидагони офатҳои табиӣ дар ҷаҳон нақши фаъол доранд ва тандурустию амнияти ҷомеи шаҳрвандиро дар авлавият қарор дода, аз ибтидои паҳншавии буҳрони COVID-19 захираву имкониятҳои худро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин вабо равона кардаанд”,- дар ҷараёни мулоқот иброз дошт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Аз ҷумла қайд гардид, ки моҳи июли соли равон аз ҷониби кишвари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона тақдим гардиданд, ки онҳо тибқи муқаррароти беҳдоштӣ қабул ва ба муассисаҳои тандурустие, ки ниёз доранд, дастрас карда шуданд.

Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон дар навбати худ ҳамкориҳои кишварашро бо Тоҷикистон дар самтҳои гуногун, хосатан дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қаноатманд ва дар ҳоли рушд арзёбӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани онҳо иброз доштанд.

Дар охир ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412