Мулоқоти Ғафур Муҳсинзода бо Евгений Жуков

Мулоқоти Ғафур Муҳсинзода бо Евгений Жуков
Ноябр 17
09:30 2021

16 ноябри соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков мулоқот намуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо Бонки Осиёии рушд изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки  бо дастгирии бонки мазкур дар кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ як қатор лоиҳаҳо бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд.

Ҳамзамон, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба Директори генералии Бонки Осиёии рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ Евгений Жуков доир ба ҷараёни маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19  ва вазъи нигоҳдории ваксинаҳои зидди сирояти коронавирус дар мамлакат маълумот дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла бо Бонки Осиёии рушд ҳамкории нек ба роҳ монда, барои вусъати он пайваста тадбир меандешад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412