Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев Николаевич

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев Николаевич
Май 23
16:53 2022

Имрӯз, 23 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Олег Эргашев Николаевич мулоқот намуд.

Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дусту бародар-Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар навбати худ ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев Николаевич қайд намуд, ки ӯ бо як қатор кормандони муассисаҳои тандурустии  шаҳри мазкур ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ки онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат табодули таҷриба менамоянд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои вазорат бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мубодилаи афкор намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари хеш мутахассисони соҳаи тибби шаҳри Санкт-Петербург аз як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дидан менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412