Муовинони вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд

Муовинони вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд
Феврал 09
14:55 2021

Бо мақсади наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва Шодихон Ҷамшед аз Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон  “Шифобахш” дидан намуданд.

Аснои боздид аз муассисаҳои тандурустии мазкур муовинони вазир бо масъулини беморхонаҳо масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, зимни боздид аз беморхонаҳои мазкур муовинони вазир бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412