Мутахассисони рус аз рафти корҳои таҳқиқотии Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 дидан намуданд

Мутахассисони рус аз рафти корҳои таҳқиқотии Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 дидан намуданд
Сентябр 22
13:10 2020

Мутахассисони варзидаи рус  Плеханов Н. ва Валутит Д бо тавсия ва роҳнамоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” ташриф оварда,  бо кори шӯъбаи вирусология, ки дар самти пешгирии бемории коронавируси нави  COVID-19  таҳқиқот мебарад, шинос шуданд.

Тавре аз озмоишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, вирусологҳои рус бо ҷараёни корҳои таҳқиқотӣ дар самти пешгирии бемориии COVID-19 дар шӯъбаи мазкур шинос шуда, ҳамзамон барои беҳтар намудани фаъолият ба мутахассисони тоҷик тавсияҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ташрифи мутахассисони рус табодули таҷриба бо мутахассисони Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 ба шумор меравад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411