Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои барномаҳои миллӣ

Натиҷагирӣ аз рафти иҷрои барномаҳои миллӣ
Ноябр 22
15:42 2021

Имрӯз, 22 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз рафти иҷрои барномаҳои миллии соҳавӣ ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ато Собирзода, роҳбарони муассисаҳои тандурурустии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Нахуст дар ҷаласа муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Ато Собирзода вобаста ба рафти иҷрои барномаҳои миллӣ дар сатҳи муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барномаҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, баҳри иҷрои онҳо мунтазам мулоқоту вохурӣ ва чорабиниҳои судманд доир  карда мешаванд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар робита ба иҷрои барномаҳои миллӣ низ баромад карданд.

Дар анҷоми ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар самти иҷрои барномаҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412