НОРАК: ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ВА ДИЛШОД АСОЗОДА БО ФАЪОЛИЯТИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ШИНОС ШУДАНД

НОРАК: ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ВА ДИЛШОД АСОЗОДА БО ФАЪОЛИЯТИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ШИНОС ШУДАНД
Январ 28
17:45 2022

28 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода якҷо бо Раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода аз Беморхонаи марказии шаҳри Норак дидан намуданд.

Зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозода ва Дилшод Асозода бо рафти хизматрасонии беморхонаи мазкур, аз ҷумла фаъолияти шӯъбаҳои он шинос шуданд.

Ҳамзамон номбурдагон дар беморхонаи мазкур бо беморон ва наздикони онҳо сӯҳбати озоду ошкоро анҷом дода, доир ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсиданд.

Дар идомаи боздид Ҷамолиддин Абдуллозода ва Дилшод Асозода вобаста ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъат бахшидани маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавирус дар миёни аҳолӣ ва дигар масъалаҳо бо роҳбарият ва кормандони беморхона мубодилаи афкор намуданд.

Баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411