Оғоз гардидани даври омузишӣ бо мақсади беҳтарсозии сатҳи хизматрасонии тиббӣ

Июн 19
11:01 2017

Бо мақсади тақвияти иқтидори хизматрасониҳои тиббӣ ва ворид намудани механизми нави якҷояи беҳтаркунии сифат дар  ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Хатлон даври омузишӣ миёни кормандони соҳаи тиб оғоз гардид. Чорабинии мазкур бо дастур ва супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта  дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” амалӣ мегардад.

Гуфта мешавад даври омузишӣ, ки мақсади он беҳтарсозии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад, дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва муқоисашаванда ба роҳ монда шуда, мавзӯи “Мусоидат ба беҳтарсозии фарогирӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи КАТС бобати истифодабарии варақаҳои корӣ” дар ноҳияи Ёвон, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, А.Ҷоми, Вахш, Дустӣ, Панҷ, Темурмалик, Хуросон ва Ҷайхун   ба кормандони тиб омузонида мешавад.

Чорабинии мазкур бо иштироки мутахассисони Марказҳои саломатии деҳот ва Бунгоҳҳои саломатӣ оғоз гардида ҳар семоҳа гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412