Оид ба масъалаҳои ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид

Оид ба масъалаҳои ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид
Июн 16
18:08 2021

16 июни соли 2021 толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутахассисони гурӯҳи байниидоравии экспертӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовирони байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадаф ва мақсади баргузории мизи мудаввар суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамасола таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт афзун мегардад. Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, таҷдиди сохтории муассисаҳои хизматрасонии  тиббию иҷтимоӣ, тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳа, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмир ва азнавсозии муассисаҳо, дастгирии доимии пиронсолону маъюбон, кӯдакони маъюбу бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони ниёзманд мақоми хосаро касб кардааст.

Дар мизи мудаввар мушовирони байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷаноби Йенс Вилкенс ва хонум Акказиева Бахтигул ба тариқи онлайн баромад ва ба саволҳои  иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 30
  • 138
  • 2,085
  • 1,070,549