Ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ омӯхта мешавад

Ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ омӯхта мешавад
Ноябр 02
14:15 2020

Дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.10.2020, №852 “Дар бораи гузаронидани тадқиқот оид ба арзёбии вазъи обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз 2 то 5 ноябри соли равон ҷиҳати анҷом додани тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои гурӯҳи тадқиқотчиён машғулияти омӯзишӣ бо назардошти чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ гузаронида мешавад.

Машғулияти омӯзишӣ барои гурӯҳи тадқиқотчиён имрӯз, 2 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Серена оғоз гардид, ки дар кори он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, аъзоёни гурӯҳ, намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)  дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки аз 9 ноябр то 9 декабри соли равон дар муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи методология интихоб ва ба руйхат дароварда шудаанд, тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ бо назардошти маълумот ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи чораҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ гузаронида мешавад.

Гурӯҳи тадқиқотчиён пас аз анҷоми гузаронидани тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилкатикӣ ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассали таҳлилиро пешниҳод менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454