Олими тоҷик «Профессори фахрии Донишгоҳи тиббии Бухоро» шуд

Олими тоҷик «Профессори фахрии Донишгоҳи тиббии Бухоро» шуд
Май 07
10:26 2019

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Ҳолати имрӯзаи мушкилот ва дурнамои таҳсилоти тиббӣ» Конфронси илмӣамалӣ баргузор гашт, ки дар он С.С.Қурбонов, профессори кафедраи анатомияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок намуд.

Боиси хушнудист, ки ин профессори тоҷик барои саҳми арзандааш дар таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимии ду муассисаи олии тиббӣ бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи тиббии Бухоро» сарфароз гардонида шуд.

Ректори донишгоҳи мазкур Иноятов Амрулло зимни супоридани унвон ҳамкориҳои мутақобилаи ду донишгоҳро давоми солҳои охир  хеле назаррас арзёбӣ намуда, саҳми олими тоҷик С.С.Қурбоновро дар таҳкими ин муносибатҳои ҳасана ба таври назаррас ёдовар шуд.

Мавриди зикр аст, ки профессор С.С. Қурбонов пештар низ  барои саҳми арзандааш дар таҳкими ҳамкориҳои  дуҷониба бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Қазоқистон» ба номи Асфендиёров низ сарфароз гардонида шуда буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 3,892
  • 1,506
  • 1,138,870