Олимон дар мавриди монеаи табиии коронавирус ҳикоят карданд

Олимон дар мавриди монеаи табиии коронавирус ҳикоят карданд
Январ 29
16:03 2021

Ҳормони мелатонин, ки дар шуши инсон коркард мешавад, метавонад ҳамчун монеа алайҳи сирояти коронавирус амал кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Известия» хабар медиҳад, дар ин бора натиҷаи таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Сан-Паулуи Бразилия, ки дар маҷаллаи Melatonin Research нашр шудааст, шаҳодат медиҳад.

Муҳаққиқон қобилияти мелатонинро барои муқовимат бо тундии генҳои масъули кодкунии сафедаҳо дар нуқтаҳои вурудии вирус — ҳуҷайраҳои алвеолаҳои бинӣ ва шуш ва эпителияҳо ошкор кардаанд. Бо туфайли ин хусусият, гормон раванди сироятёбии ин бофтаҳоро манъ мекунад. Вирус тавсеа наёфта, чанд рӯз дар роҳҳои нафаскашӣ мемонад ва сипас барои ёфтани ҳомили дигар меравад.

Муаллифони таҳқиқот тахмин мекунанд, ки маҳз ҳамин тамоюл имкон медиҳад бифаҳмем, ки чаро баъзе одамон ҳангоми тамос бо ҳомилони SARS-CoV-2 сироят намеёбанд, дигарон бошанд онро бидуни нишона  мегузаронанд, ҳатто дар сурати мавҷуд будани озмоиши мусбати ПТСР-тест. Олимон инчунин тахмин мекунанд, ки спрейҳо ва доруҳои дорои мелатонин, ки дар бинӣ чаконида мешаванд, метавонанд монеи роҳи бад шудани саломатии беморон шаванд.

Илова бар ин, олимон боварӣ доранд, ки чунин механизми амалкарди  мелатонини шуш бояд дар муқобили дигар бемориҳои вирусии роҳҳои нафаскашӣ, аз ҷумла зуком низ муассир бошад.

Таҳқиқоти қаблӣ нишон додааст, ки мелатонине, ки дар шуш коркард мешавад, нуқтаҳои вурудии заррачаҳои сахтро аз ҳавои ифлос тағйир медиҳад ва нуфузи онҳоро ба бадан суст мекунад. Бидуни аксуламали гормон, заррачаҳои ҳангоми нафаскашӣ ба бинӣ дохилшуда метавонанд ҳатто ба мағзи сар бирасанд. Дар таҳқиқоти кунунӣ таҷрибаи монанд ба коронавирус низ гузаронида шудааст.

Олимон намунаҳои шушҳои одамони солимро омӯхта, муайян карданд, ки дараҷаи истеҳсоли мелатонин ба сатҳи тундии генҳо, ки вуруди вирусро ба организм назорат мекунанд, робитаи мустақим дорад. Дар ҳолатҳое, ки индекси мелатонин баланд бошад, гормон нуқтаҳои вуруди SARS-CoV-2-ро ба шуш мебандад.

Моҳи ноябр иммунолог-аллерголог Владимир Болибок гуфта буд, ки бо он сабаб мардон сирояти коронавирусро вазнинтар мегузаронанд, ки ин ба таъсири гормонҳои ҷинсӣ ва хусусияти фаъолияти системаи эминии бадани онҳо вобастагӣ дорад. Тибқи гуфтаи ӯ, гормонҳои ҷинсии занона — эстрогенҳо ба воридшавии антителаҳо ба ҳуҷайраҳо мусоидат мекунанд. Гузашта аз ин, гормонҳои мардонаи тестостерон чунин хосият надоранд.

АКСИ: РИА «Новости»

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412