Паём: боз як қадами устувор дар роҳи худшиносии миллат (АКС)

Паём: боз як қадами устувор дар роҳи худшиносии миллат  (АКС)
Декабр 26
13:53 2019

Имрӯз, 26 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он низ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошо намуданд.

Қабл аз оғози Паём кормандони дастгоҳи марказии вазорат Суруди миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ба таври зинда иҷро намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди мамлакат ҳамчун дастурамалӣ корӣ барои як соли оянда ва  барномаи дурбинона баҳри рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат мебошад.

Тавре Сарвари давлат дар Паёми хеш иброз доштанд, “Мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.

Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.

Буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.

Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.

Мавриди зикр аст, ки дар паёми навбатии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлилу баррасии тамоми соҳаҳо, ҳамзамон оид ба баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии шаҳрвандони мамлакат, ба китобхонӣ рӯ овардан ва бо ин роҳ баланд бардоштани савияи дониши тамоми қишҳои ҷомеа андешаҳои самимиву созанда баён доштанд.

Аз ҷумла, барои омӯхтани гузаштаи пурифтихори хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Президенти кишвар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба нашр расида, дастраси тамоми сокинони кишвар гардонида хоҳад шуд.

Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби иштирокчиён бо кафкубии бардавом пазируфта шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411