Раиси вилоят дар ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд

Раиси вилоят дар ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос шуд
Июл 11
09:54 2020

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич дар ҷамоати деҳоти Ростровут бо сохтмони бинои таваллудхона шинос гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич сохтмону навсозии 309 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 200 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Сокинони ноҳия ба пешвози ҷашни таърихӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта, барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини деҳаи Росровут Мирзоҳаким Камолов ва фарзандонаш бинои таваллудхонаро бунёд намуда истодаанд. Дар ин кори хайр оилаи Камоловҳоро ҳамдиёрон дастгирӣ намуда, тасмим доранд, ки таваллудхонаро мавриди истифода қарор диҳанд.

Бинои таваллудхона аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 кат мебошад ва бо ифтитоҳи он сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ҷамоат беҳтар хоҳад шуд.

Раиси вилоят иқдоми сокинони ҷамоатро шоистаи таҳсин унвон карда, таъкид кард, ки бояд ҳифзи солимии ҷомеа дар мадди аввал қарор дода шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ корҳо ҷоннок карда шаванд.

Табибони ноҳияи Деваштич бо сипосмандӣ аз ғамхориҳои Сарвари давлат таъкид карданд, ки барои таъмини солимии ҷомеа тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411