Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Беморхонаи марказии Исфара аз ҳоли ҷароҳатбардоштагон хабар гирифт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Беморхонаи марказии Исфара аз ҳоли ҷароҳатбардоштагон хабар гирифт
Апрел 30
16:38 2021

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақти  30 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Беморхонаи марказии Исфара боздид карда, аз ҳоли захмиёни даргириҳои рӯзи гузашта хабар гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки бо супориши махсуси Президенти мамлакат барои барқарорсозии саломатии ҷароҳатёфтагон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят сафарбар гардида, вазъи беморон таҳти назорати ҷиддии масъулон қарор дорад.

Барои табобати пурраи беморон тамоми дорувории зарурӣ дастрас гардида, ҷароҳатёфтагон бо хӯроки гарму дигар лавозимот таъмин карда шудаанд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412