Рушди протезкунонӣ дар Тоҷикистон. Нахустин бор дар кишвар дар ду кӯдак дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд

Октябр 01
16:41 2024

Тибқи шартнома ва қарордодҳо байни Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе ва ширкати ”Моторика”- и шаҳри Москваи Федератсияи Россия, ки аз қатъномаи кори конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2023 доир шуда буд, инчунин бо мақсади иҷрои супориши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳо  санаи 01 октябри сои 2024 дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе семинар-машварати корию амалӣ зимни таъминоти маъюбон бо намунаҳои нави технологӣ, аз ҷумла протезҳои дастҳои намуди бионикӣ давоми 3 рӯз баргузор гардид.

Дар ҷараёни баргузории семинар-машварати мазкур дар Корхонаи давлатии “Заводи протезию ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе нахустин бор дар кишвар дар ду кӯдаки то синни 10 сола дастҳои намунаи нави бионикӣ гузошта шуд.

Пас аз ба итмом расидани машғулиятҳо 10 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо сертификатҳои ширкати  “Моторика”  сарфароз гардонида шуданд.

Дар назар аст, ки муаррифии маҳсулот, кор ва хизматрасонии ширкати мазкур санаи 02 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 12
  • 41
  • 1,085,840