Саида Умарзода: Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳон ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд (АКС)

Саида Умарзода: Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳон ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои  глобалӣ эътироф намудаанд  (АКС)
Ноябр 15
15:48 2019

Имрӯз, 15 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши мазкурро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуд.

-Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён низ эътироф намудаанд, ки ба андешаи банда барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро, тавре дар урфият мегӯянд: “он чӣ, ки мебошад аён, ҳоҷат набошад ба баён”,-афзуд дар ҳамоиш муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода.

Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти  давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла меъёрҳои моддаи 67-и Конститутсияи кишвар пешбинӣ намудааст, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намояндагон савганд ёд мекунад.

Тавре аз таърих  маълум аст, 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсад аз таҷлил намудани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент дар он ифода меёбад, ки аз ибтидо ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлатии соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобшуда ба вазифа шурӯъ намуд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо  дарназардошти эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат ва болоравии мақом ва манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ доранд, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16 ноябри ҳамчун Рӯзи Президент пазируфта шудааст.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди  олиму оқил, фозилу хирадманде мебошанд, ки Тоҷикистонро аз  нобудшавӣ наҷот дода, миллати тоҷикро атрофи хеш муттаҳид  намуданд.

Дар идомаи ҳамоиши мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова  ва як қатор кормандони вазорат атрофи фаъолият ва шахсияти Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.

Дар хотимаи ҳамоиш махсус қайд гардид, ки дар  баҳри татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат бояд ҳар як фарди Тоҷикистон, новобаста аз касбу кор ва мақому мартабаи хеш ҷаҳду талош намояд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз  бо суръати баланд ҷараён дорад, мо мардуми тоҷикро зарур аст, ки баҳри пойдории сулҳу  ваҳдат ва оромии кишвари азизамон зиракии сиёсиро аз даст надода, аз пештара бештар атрофи Сарвари давлат ҷамъ бишавем. Зеро, танҳо дӯстиву иттиҳодии мардум дар ин замони ҷаҳонишавӣ метавонад дилхоҳ миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот бидиҳад.

Иттиҳоди мо ин қудрати мост!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412