Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд
Сентябр 20
15:43 2021

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод Шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии ноҳияро, ки бо 25 кат омода гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маржа” анҷом дода шудааст. Бино дар масоҳати 720 метри мураббаъ доман густурда, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин 240 метри мураббаъ роҳраву саҳни бино сафолакпӯш гардида, барои мизоҷон суҳбаткадаҳо сохта шудааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки иншоот бо тарҳ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу техникаҳои муосири тиббӣ дар минтақа ягона буда,  дар он барои беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур мушкилоти чандинсолаи бошандагони ноҳияи Нуробод пурра бартараф ва сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҷиҳати дар фасли сармо гарм нигоҳ доштани ҳуҷраҳо, бино бо системаи махсуси гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳидоят намуданд. Дар навбати худ ворисони Сино изҳор доштанд, ки бо донишу маҳорати касбӣ талош менамоянд дар пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72157719928554750

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,085
  • 623
  • 1,070,411