Семинари омӯзишӣ миёни кормандони ҷамоату маҳаллаҳо дар арафаи Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ миёни кормандони ҷамоату маҳаллаҳо дар арафаи Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Май 22
14:09 2021

Имрӯз, 22 майи соли равон дар Муассисаи  давлати Маркази  ҷумхуриявии иммунопрофтилакаи Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи ииҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони ҷамоату маҳаллаҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, мақсад аз роҳандозии ҷорабинии мазкур, ин  баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ҷамоату маҳаллаҳо оид ба бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳо, нақши иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои бухронӣ дар вақти гузаронидани  Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

“Афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солимии аҳолӣ мебошад. Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсияи мунтазам паст карда мешавад”,- ин нуқтаро Файзалӣ Саидзода, Директори генералии Муассисаи  давлати “Маркази  ҷумхуриявии иммунопрофтилакаи Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи ииҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъомад таъкид намуд.

Дар интиҳои суханронӣ мафсуф ба кори семинари омӯзишӣ бурдбориҳо таманно намуда, таъкид дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории фалаҷ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми шаҳрвандони кишварро  барои фаъолона иштирок намудан дар ин чорабинии муҳими оммавӣ даъват менамояд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412