Шаҳрвандони аз кишварҳои Украина ва Россия воридшуда ба карантин фаро гирифта шуданд

Май 22
08:18 2020

Шаби 21 майи соли равон 97 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Украина ва Россия  тариқи ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд,  дар Истироҳатгоҳи бачагонаи “Барқчиён”-и ШСХ “Барқи тоҷик” ба карантин фаро гирифта шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки субҳи 20 майи соли равон 213 нафар шаҳрвандоне, ки тариқи парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” аз Федератсияи Россия ба тариқи ҳавопаймо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд, дар як қатор осоишгоҳҳои мамлакат, аз ҷумла “Истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати “Ромит”-и шаҳри Ваҳдат, Осоишгоҳи “Садбарг”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Истироҳатгоҳи бачагонаи “Барқчиён”-и ШСХ “Барқи тоҷик”, Осоишгоҳи базаи сайёҳии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Осоишгоҳи коргарҷавонони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин нафарон аз ташхиси тестӣ гузаронида хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412