Шаҳрвандони аз Туркия ба Тоҷикистон воридшуда ба карантин фаро гирифта шуданд

Шаҳрвандони аз Туркия ба Тоҷикистон воридшуда  ба карантин фаро гирифта шуданд
Май 23
15:40 2020

Имрӯз, 23 майи соли равон 194 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабаби қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии СOVID-2019 дар Туркия дармонда буданд, ба Душанбе  баргардонида шуданд. 

Айни замон  ин нафарон  ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бино ба дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шудааст, ки нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила бо роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки ба иллати ҳамагирии COVID-19 дар хориҷа дармондаанд, амалӣ гардад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ шаҳрвандони гиромиро бовар мекунонад, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди бесобиқа, тамоми чораҳои зарурӣ  барои солиму эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон дар дохил ва хориҷ ва ҳарчи зудтар раҳоӣ ёфтан аз ин бемории ҳамагир андешида хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411