Шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт ба Душанбе оварда шуданд

Шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт ба Душанбе оварда шуданд
Июн 11
11:34 2020

10 июн дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии COVID-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Инчунин, тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 15 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе оварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 5 июн тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 22 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 расида буд.

Инчунин, ин соҳибкори кувайтӣ 38000 адад либоси муҳофизатии тиббиро аз Ҷумҳурии Халқии Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412