“Шифобахш” сазовори ҷом гардид (АКС)

“Шифобахш” сазовори ҷом гардид (АКС)
Август 10
11:50 2019

Мусобиқаи футбол байни муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба анҷом расид.

Дирӯз, 9-уми августи соли равон марҳилаи ниҳоии мусобиқоти мазкур миёни дастаҳои Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–«Шифобахш» ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ”  баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи футбол байни 28 дастаи муассисаҳои зерсохтори вазорат баргузор гардид, ки дар натиҷа тимҳои ин ду муассиса бо шикаст додани рақибони хеш ба финал роҳ ёфтанд.

Бозӣ миёни дастаҳои ин ду муассиса хеле пурҷӯшу хурӯш ҷараён гирифта, дар натиҷа дастаи “Шифобахш”-и Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–«Шифобахш»  бо ҳисоби 3 бар 1 дастаи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ”-ро шикаст дода,   сазовори ҷойи аввали мусобиқоти футбол миёни 28 муассисаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  гардид.

Ба ғолибон аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ҷом ва медал тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи футбол миёни муассисаҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  маҳз дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он татбқи сиёсати варзишии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412