Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии Шаҳристон

Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии Шаҳристон
Август 08
09:45 2022
Боздид ва шиносоии бевосита пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат дар фаъолияти роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст.
 Маҳз бо ин мақсад вазир ва муовинони вазир пайваста дар муассисаҳои тандурустии мамлакат гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ монда, бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ шинос мешаванд ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта бо масъулини муассисаҳои тандурустӣ чораҳои заруриро рӯи даст мегиранд.
Дар доираи чунин иқдомот имрӯз, 7 августи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Шаҳристон бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ шинос шуд.
Аснои боздид номбурда аз рафти фаъолияти шӯъбаҳои муассисаҳои тандурустии ноҳия дидан намуда, ҳамзамон бо як қатор беморон низ сӯҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шуд.
Номбурда пас аз боздид ба роҳбарият ва кормандони муассисаҳои тандурустии ноҳияи Шаҳристон баҳри боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Чунин гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии манотиқи гуногуни кишвар идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412