Шиносоии Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд

Ноябр 16
13:49 2022

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд имрӯз, 15 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  ба Маркази клиникавӣ эндокринологии вилояти Суғд, Маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд ва Маркази саломатии шаҳри Гулистон ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои мазкур шинос шуда, ҳамзамон бо як қатор беморон суҳати озоду ошкоро анҷом дод.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарият ва кормандони муассисаҳои мазкур дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини солимии аҳолӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохтаанд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз роҳбарият ва кормандони муассисаҳои номбурда даъват ба амал овард, ки бо истифода аз шароит ва имконоти мусоид баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинон аз пештара бештар кушишу талош намоянд.

Доир ба боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулуни муассисаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,083
  • 623
  • 1,070,409