Шиносоии гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе

Шиносоии гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе
Январ 10
08:54 2022

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти шабонаи муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ  гурӯҳи кории вазорат шаби 9 январи соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, аз  ҷумла Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К.Ахмедов, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил”, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” ва инчунин ба марказҳои саломатии шаҳрии №1, 2, 7 ва 15 ташриф оварданд.

Дар ҷараёни боздиди хеш  гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти  шӯъбаҳои  муассисаҳои тандурустӣ  шинос шуда, ҳамзамон бо бемороне, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз гаштҳои масъулини вазорат-ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии табибон дар шабонгоҳ, омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани васли зимистон, вохурӣ бо беморон ва дигар масъалаҳо мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Декабр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 18
  • 41
  • 1,085,846