Шиносоии вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе

Шиносоии вазир бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе
Декабр 14
12:37 2020

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад имрӯз, 14 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз  Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ” ва Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як қисми ҳуҷраҳои Муассисаи давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” пас аз табобати гирифторони бемории COVID-19 аз таъмир бароварда шуда, барои ба фаъолияти муқаррарӣ баргаштан омода мебошанд.

Зимни боздиди хеш аз Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо як қатор беморон низ мулоқот намуда, доир ба  хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Дар анҷоми боздид ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, назорати беморон, риояи одоби муоширати табибон бо беморон, муътадил гузаронидани фасли зимистон ва дигар масъалаҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар  Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарони беморхонаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412