Шумораи гирифторони бемории сил нисбати солҳои қаблӣ рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст. Бардошт аз семинари омӯзишӣ

Шумораи гирифторони бемории сил нисбати солҳои қаблӣ рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст. Бардошт аз семинари омӯзишӣ
Апрел 06
17:19 2022

6 апрели соли равон бо ибтикори Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба бемории сил ва роҳҳои инъикоси он дар ВАО семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинари мазкур зиёда аз 20 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда, атрофи бемории сил  маълумот пайдо карданд.

Намояндаи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Ҷамила Исмоилова доир ба вазъи беморӣ сухан карда, иброз дошт, ки  мақсади асосии лоиҳа ин ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, паст намудани сатҳи паҳншавии шаклҳои мутобиқгаштаи бемории сил, баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба беморӣ ва инчунин  омӯзиши мутахассисони силшинос ва кормандони ғайритиббӣ мебошад. Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ дар 5 давлат амалӣ шуда, солҳои 2019 – 2024- ро дар бар мегирад.

Ба зикри  ҳамоҳангсози Лоиҳаи мазкур Ҳурия Ҳисомова сил бемории сироятӣ буда, аз шахси бемор бо роҳи ҳаво ба атрофиён мегузарад. Шахси бемор ҳангоми сӯҳбат, сулфа ва атса миқдори зиёди микробактерияҳоро ба фазои атроф паҳн мекунад. Дар натиҷаи  саривақт табобат нагирифтани бемори гирифтори сил  ӯ метавонад дар 1 сол 10-15 нафари дигарро гирифтори ин беморӣ намояд.

“Бемории сил ирсӣ нест, он ҳангоми нӯшидани об ё  истеъмоли ғизо, муошират, истифодаи якҷояи зарфҳои хӯрокхӯрӣ наметавонад шахси дигарро сироят кунад. Шароити иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ аз омилҳои асосии гирифторӣ ба бемории сил дониста мешаванд”- гуфт Ҳурия Ҳисомова.

Ба андешаи мавсуф хушбахтона имрўзҳо бо талоши Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи гирифторони бемории сил нисбати солҳои қаблӣ рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст.

Ёдовар мешавем, ки бемории сил табобатшаванда буда,  сабаби асосии паҳншавии он паст будани  маълумотнокии аҳолӣ доир ба беморӣ, саривақт муроҷиат накардани беморӣ ба муассисаҳои табобатӣ ва тамғагузорӣ нисбат ба ин беморӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411