Соҳаи стоматология дар вилояти Хатлон рушд мекунад

Соҳаи стоматология дар вилояти Хатлон рушд мекунад
Сентябр 29
09:50 2020

Бахши стоматологӣ яке аз шохаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, мутахассисони варзидаи соҳа бо истифода аз дастгоҳҳои ҳозиразамони стоматологӣ тамоми бемороне, ки ба ин бахш, яъне ба хизматрасонии стоматологии муолиҷавии кӯдакон ва калонсолон, стоматологияи ҷарроҳӣ, стоматологияи ортопедӣ ва ортодонтӣ, бурдани корҳои профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ муроҷиат менамоянд, тарзи ташаккули ҳаёти солимро таъмин менамоянд.

Бояд гуфт, ки Маркази стоматологии №1-и вилояти Хатлон воқеъ дар  ш.Бохтар калонтарин маркази стоматологӣ дар вилояти Хатлон ба шумор рафта, назорати хизматрасонии стоматологии шаҳру ноҳияҳои вилоят бар уҳдаи он мебошад.

Маркази стоматологии №1-и вилояти Хатлон  воқеъ дар шаҳри Бохтар дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ хизматрасонии тиббии стоматологӣ расонида истодааст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз дар маркази номбурда 18 нафар табиби стоматолог, 2 нафар ёрдамчии табиби стоматолог, 12 нафар ҳамшираи шафқат, 7 нафар устоҳои дандонсоз ва 5 нафар фаррошон кору фаъолият менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 18 нафар табиби стоматологи дар муассисаи мазкур фаъолияткунанда 5 нафарашон дорои дараҷанокии касбии олӣ, 5 нафар дорои дараҷанокии касбии 1-ум, 3 нафар дорои дараҷанокии касбии  2-юм  ҳастанд, ки 5 нафарашон мутахассисони ҷавон  мебошанд.

Инчунин, аз 12 нафар ҳамшираҳои шафқат 5 нафар аз такмили ихтисос гузашта, 5 нафар дорои дараҷанокии олӣ, 5 нафар дорои дараҷанокии дуюм ва 2 нафарашонро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд.

Аз 7 нафар устоҳои дандонсоз  1 нафар дорои дараҷанокии олӣ, 3 нафар дорои дараҷанокии 2 юм буда, 3 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошанд.

Дар марказ 2 дастгоҳи рентгенологӣ ва 2 дастгоҳи тамизгардонӣ (автоклав) мавҷуд мебошанд.

Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, сатҳу сифати хизматрасонии стоматологӣ дар маркази мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боло рафтааст.

Махсусан, дар рафти корҳои дандонсозӣ аз созҳои навбаромад истифода бурда мешавад.

Бо мақсади анҷом додани  корҳои солимгардонӣ бошад, дар мактабу боғчаҳо  ва коммиссариати ҳарбӣ аз тарафи  табибони марказ 3532 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, дар маркази мазкур бо иштироки табибон ва кормандони миёнаи тиб аз рӯйи реҷаи муайяншуда  оид ба бемории сироятии Covid-19 семинарҳои амалӣ гузаронида мешавад.

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 18 нафар табиб стоматолог ва 2 нафар ёрдамчии табиб стоматолог аз курсҳои бозомузии такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби марказ 1405 адад индикатор барои муайян намудани ҳолати тамизгардонӣ, 1250 адад тестҳои оҷилӣ барои муайян намудани ВНМО, 700 адад ниќобҳо ва 110 кг гипохлориди калсий харидорӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар вилояти Хатлон як қатор сохторҳои стоматологӣ фаъолият доранд.

Танҳо давоми  8 моҳи соли равон 4 ҳамшираи шафқат аз Маркази стоматологии вилоятӣ барои пешгирии бемориҳои вирусӣ аз рӯи ихтисоси ҳамшираи тамизгардонӣ аз курси бозомӯзӣ гузаштанд.

Стоматологияи кӯдакона яке аз бахшҳои бо суръат рушткунандаи стоматологияи умумӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он пеш аз ҳама ба таъминоти хизматрасонии устувори стоматологӣ ба кӯдакон ва наврасон равона карда шудааст.

Дар вилояти Хатлон як шӯъбаи стоматологии кӯдакона иборат аз ду ҳуҷра дар назди Маркази стоматологии вилоятӣ фаъолият мекунад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар назди шӯъбаву марказҳои  стоматологӣ 1 ҳуҷраи кӯдакона дар алоҳидагӣ ташкил карда шудааст.

Дар марказҳои стоматологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 7 ҳуҷраи таҳлилгоҳ барои дарёфт намудани бемориҳои гумонбари гепатитҳои вируси (В,С) ва  ВНМО ташкил карда шудааст.

Бо ин мақсад 6 нафар ҳамшираи шафқат бо мақсади дарёфт намудани бемориҳои сироятии ВНМО дар Маркази ВНМО–и вилояти Хатлон,  2 ҳамшираи шафқат ба курси бозомӯзӣ барои  “Кори ҳамширагӣ дар бахши ташхисии шуоӣ” (рентгенологӣ), 9 нафар табиб-стоматолог дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Бохтар аз такмили ихтисос гузаштанд.

Инчунин, 10 нафар табиб стоматологи кӯдакона дар Муассисаи давлатии  “Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй” аз рӯи мавзӯи масъалаҳои актуалии ортодонтияи кӯдакона аз курси сайёр гузаронида шуданд.

Роҳбарият ва кормандони Маркази стоматологии №1-и вилояти Хатлон, воқеъ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати таъмин намудани солимии  аҳолӣ ва бо ин мақсад иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳанд сохт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 2,085
  • 623
  • 1,070,411