Сокинони деҳаи Обшорони Кӯлоб соҳиби Бунгоҳи тиббии замонавӣ гардиданд

Сокинони деҳаи Обшорони Кӯлоб соҳиби Бунгоҳи тиббии замонавӣ гардиданд
Июн 01
12:38 2021

Дар доираи  таҷлили бошукуҳи бузургтарин ҷашни миллӣ 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву ободонӣ ва ҳарчӣ зиёдтар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар саросаи мамлакат корҳои амалӣ дар соҳаи тандурустӣ  идома доранд.

 Ҳамин аст, ки чанде қабл бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Обшорони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатон як Бунгоҳи тиббӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин дастгоҳи соҳавӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар рафти ба истифодадиҳии бинои Бунгоҳи тиббӣ ҳамзамон бо ҳузури мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳавӣ зиёда аз 50 навзод аз амалиёти хатна гузаронида шуда, аҳолии маҳал аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои  бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки имрӯзҳо корҳои ободониву азнавсозӣ ва маҷаҳҳаз намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ дар баробари дигар соҳаҳои муҳим идора доранд, ки чунин иқдоми наҷиб заминаи рушди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хоҳад буд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412