Суҳбати онлайнӣ бо намояндагони Дафтари СММ оид ба идоракунии лоиҳаҳо

Суҳбати онлайнӣ бо намояндагони Дафтари СММ оид ба идоракунии лоиҳаҳо
Май 13
18:42 2020

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  ва муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода бо намояндагони Дафтари СММ оид ба идоракунии лоиҳаҳо (UNOPS)  суҳбати онлайнӣ анҷом доданд.

Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар навбати худ намояндагони Дафтари СММ оид ба идоракунии лоиҳаҳо  (UNOPS) ҷиҳати расонидани кӯмак аз қабили мавод ва таҷҳизоти тиббӣ барои пешгирии беморони сирояти коронавируси COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии хешро изҳор намуданд.

Бо дарназардошти зарурати фаврӣ барои андешидани чораҳои зудамал Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба имзо расонидани созишнома бо Дафтари СММ оид ба идоракунии лоиҳаҳо (UNOPS)  дар фурсати наздиктарин омодагии худро изҳор намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412