Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков
Ноябр 16
13:28 2019

6 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Роҳбари давлати мо Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфта, ба Сооронбой Жээнбеков сиҳатии комил, саодатмандӣ, ҳамчунин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин дар роҳи таъмини шукуфоии Қирғизистони дӯст таманно намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карда, алоқамандиашонро ба рушди мусбати ҳамаи паҳлӯҳои онҳо таъкид доштанд.

Президентҳои ҳарду кишвар зарурати ба харҷ додани саъю талошҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Қирғизистонро бахусус таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин маъалаҳои алоҳидаи рӯзмарраи минтақавӣ мавриди муҳокима қарор доштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 0
  • 2,085
  • 1,070,411