СУТ: хавфи ба пандемия табдил ёфтани коронавирус воқеӣ мегардад

СУТ: хавфи ба пандемия табдил ёфтани коронавирус воқеӣ мегардад
Март 10
16:11 2020

Бо афзун шудани шумораи беморони коронавируси COVID-19 хавфи ба пандемия  мубаддал гаштани ин  беморӣ воқеӣ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора  роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус  иттилоъ  дод. Ба қавли ӯ , бемории  номбурдаро  метавон назорат намуд.

«Акнун, ки коронавируси нав  дар кишварҳои зиёд паҳн шудааст, хатари пандемия воқеӣ  аст.  Аммо, ин дар таърих аввалин  пандемияе мебошад, ки онро назорат кардан мумикин аст»,- гуфт ӯ дар брифинг дар Женева.

Пандемия бемориест, ки  табиати оммавӣ дошта,  ба  тамоми аҳолӣ  асар менамояд, дар қаламрави  кишвар, ҳамсоякишварҳо ва ё ба дигар давлатҳои   ҷаҳон низ паҳн мешавад.

Ёдрас менамоем, ки шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд. Вирус берун аз ҳудуди Чин низ паҳн гаштааст, ки бори нахуст он охири соли 2019 ошкор гардида буд.  Дар Россия 23 ҳолати беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412