Таҷдиди Нақшаи миллии омодагӣ ба пандемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷдиди Нақшаи миллии омодагӣ ба пандемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Май 29
17:12 2024

Рӯзҳои 28-29-уми майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории техникии байнисоҳавии миллӣ оид ба таҷдиди Нақшаи миллии  омодагӣ ба пандемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар доираи Механизми таъмини омодагӣ ба зукоми пандемия баргузор  гашт.

Маврид ба зикр аст, ки  моҳи апрели соли 2022 ТУТ шарҳи мухтасари таҳлилиро оид ба банақшагирии омодагӣ ба пандемия нашр кард ва ба ҳамаи кишварҳо тавсия дод, ки вокуниш ба COVID-19-ро аз нав дида бароянд.

Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 2023 ин ташкилот  модули 1-“Омодагӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои пайдошуда: Банақшагирии пандемияи патогенҳои нафаскашӣ” – ро нашр кард, ки тавсияҳои иловагиро оид ба банақшагирии омодагӣ ба пандемия дарбар мегирад.

Айни замон ТУТ ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавия медиҳад, ки  нақшаҳои омодагии хешро ба пандемия дар асоси дарсҳои омухташудаи COVID-19  таҷдиди назар кунанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412