Тақдими 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба вазорат

Тақдими 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ ба вазорат
Сентябр 07
09:58 2021

Имрӯз, 7 сентябри соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маросими  қабули 10 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, ки ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, баргузор гардид. Дар маросими қабули нақлиётҳои мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин-Фролов ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, нақлиётҳои мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва баҳри боз ҳам беҳтар намудани ёрии аввалияи тиббӣ аз ҷониби Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Аснои тақдими нақлиётҳои мазкур иштирокчиён аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Федератсияи Россия изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Иттилоъ дода шуд, нақлиётҳои мазкур бо лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ, ки барои кӯмаки аввалияи тиббӣ  муҳим мебошанд, ҷиҳозонида шудаанд.

Бояд гуфт, ки нақлиётҳои ёрии аввалияи тиббии мазкур тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат дастрас хоҳанд шуд, ки дар ин замина сатҳи хизматрасонии  ёрии аввалияи тиббӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412