Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорат

Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорат
Май 23
17:16 2022

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз, 23 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини идона доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва доираи васеи кормандони ҷавони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода нахуст аз номи роҳбарияти вазорат ҳозирин ва дар симои онҳо кулли ҷавонони кишварро бахшида ба ин санаи фархунда табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ ва барору муваффақият орзу намуд.

Номбурда дар идомаи сухани табрикотии хеш аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯзҳо маҳз бо шарофати сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат барои кор ва фаъолияти ҷавонони мамлакат тамоми шароит ва имконоти муосид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, дар чорабинии идона барои фаъолияти босамар як қатор табибони ҷавон бо Сипосномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412