Таҷлили «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон» дар Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони махсусгардонидашудаи №1-и шаҳри Душанбе

Июн 02
10:30 2017

1 июни соли равон  дар Муассисаи давлатии  Хонаи кӯдакони махсусгардонидашудаи  №1-и шаҳри Душанбе, бахшида  ба «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон»   чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

Чорабинии мазкур дар фазои идона бо рақсу бозӣ ва шеърхонии зиёда аз 70 нафар кӯдакон сурат гирифт.

Имрӯзҳо дар Муассисаи давлатии  Хонаи кӯдакони махсусгардонидашудаи  №1-и шаҳри Душанбе зиёда аз 70 кӯдак таълиму тарбия ва нигоҳубин карда мешаванд, ки онҳо  кӯдакони  ятиму бепарастор, маъюб ва  аз оилаҳои камбизоат ҳастанд.

Дар чорабини идона бахшида ба «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон»   намяондагони  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе,  масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, ба кӯдакон  туҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.

Ёдрас менамоем, ки 1 июн ҳамасола “Рӯзи кӯдакон” бар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Аз оғози ин санаи таърихӣ 67  сол сипарӣ гашт.   Бори аввал санаи  1 июни соли 1950 ин рӯз ҳамчун «Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон»   таҷлил гардида буд ва ин иқдом то ба имрӯз идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,043
  • 2,085
  • 1,071,454