Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон

Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон
Феврал 15
16:11 2022

15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон  аст, ки ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин замина, мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳира Умарова  иброз намуд, ки ҳадаф аз таҷлили ин сана боз ҳам ҷалб намудани ҷомеа  ба масъалаҳои саломатии кӯдакони гирифтори бемории саратон мебошад.

Бояд гуфт, ки дар  чорабинии имрӯза, ки бахшида ба санаи мазкур дар  Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, аз ҷониби ташкилоти хайриявии “Лона” ба гирифторони бемории саратон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Инчунин, дар чорабинӣ аз ҷониби ансамбли рақсии кӯдаконаи “Зебо” ба иштирокчиён барномаҳои ҳунарӣ ва рақсӣ пешниҳод  карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 507
  • 1,123
  • 1,097,568