Таҷлили “Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ”

Таҷлили “Рӯзи байналмилалии табиби оилавӣ”
Май 20
16:02 2022

Дар толори Синои Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” чорабинии идона  баргузор гардид, ки дар он коршиносон оид ба тибби оилавӣ, табибони оилавӣ ва донишҷӯёни курсҳои 6-уми факултетҳои тиббӣ ва педиатрии донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ Қобилов Қобилҷон Кенҷаевич оғоз намуда, иштирокчиёнро муаррифӣ ва барои ширкат дар чорибинии мазкур хайрамақдам намуд. Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён масъалаҳои марбут ба мушкилотҳои тибби оилавӣ ва дурнамои рушди он, мавқеи табиби оилавӣ ва саҳми ӯ дар ташакккули тарзи ҳаёти солимро баррасӣ карданд.

Маврид ба зикр аст, ки табибони оилавӣ дар давраи пандемияи COVID-19 нақши махсус дошта, дар пешгирӣ ва табобати ин вабои аср саҳми арзанда гузоштанд.

Ҳамасола бо мақсади ҷалб намудани диққати тамоми ҷомеа ба ихтисоси тибби оилавӣ ва саҳми муҳими он дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи солимии аҳолӣ, алалхусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони тибби оилавӣ, 19 май дар тамоми ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии табиби оилавӣ” қайд карда мешавад. Қарор оид ба ҷашни “Рўзи байналмилалии табиби оилавӣ” соли 2010 дар ҷаласаи Ташкилоти байналмилалии табибони оилавӣ (WONCA) қабул карда шуда, 19 майи соли 2011 расман эълон гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардонии тибби оилавӣ аз соли 1998 оғоз гардидааст. «Нақшаи рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рўи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тадриҷан амалӣ шуда истодааст ва ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани дастрасӣ, сифат, самаранокии маҷмӯи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад.

Қайд кардан лозим аст, ки дар давоми 24 соли охир дар ҷумҳурӣ кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавӣ самаранок ворид гардида истодааст. Айни замон дар тамоми қаламрави кишвар мутахассисони соҳибихтисоси тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизматрасонии тиббию санитарӣ мерасонанд, ки дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412