Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вазорат

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар вазорат
Июн 26
16:16 2024

26-уми июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии идона доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулҳаким Холзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сипас, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосоро  ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику шодбош  гуфт.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланди кишвари азизамон Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ ва дӯстиву бародарӣ ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Воқеан ҳам санаи 27-уми июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи тозаи тантанаи ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ ва ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик, сарҷамъӣ ва оғози зиндагии орому осудаи халқамон ба ҳисоб меравад.

Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон гуфтаанд: “Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт”.

Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад, ки бидуни он арзи ҳастӣ намудани дилхоҳ давлат ва миллат имкон надорад. Аз ин ҷост, ки ваҳдатро рукни асосии  мавҷудият ва пойдории ҳар як давлат ва миллат арзёбӣ менамоянд.

Маҳз Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардуми ҳар як давлату миллат таъмин карда мешавад. Дар маҷмуъ, рушду пешрафти дилхоҳ давлатро бидуни ваҳдат тасаввур намудан имкон надорад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки саҳми Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он бояд ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии  кишвар ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор дода шавад. Зеро, бесабаб нест, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун таҷриба  барои кишварҳои ҷангазада муаррифӣ карда шуда, он имрӯз мавриди омӯзиши таҳлилгарону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ қарор дорад.

Дар замони имрӯз, ки хатарҳои гуногун сулҳу оромии давлатҳои оламро халалдор менамоянд, мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки Ваҳдати миллиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани он аз пештара бештар кӯшишу талош намоем.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412