Табодули таҷриба миёни табибони Тоҷикистон ва Олмон

Табодули таҷриба миёни табибони Тоҷикистон ва  Олмон
Сентябр 12
14:52 2024

Имрӯз, 12-уми сентябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва протоколҳои табобат ва нигоҳубини занони ҳомиладори гирифтори ВНМО ва занони ҳомилае, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд” семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Ғафур Муҳсинзода, мутахассисон аз кишвари Олмон,  табибони акушер гинекологҳо, наркологҳо, табибони кӯдакона ва неонатологҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз тамоми дорувориҳои зиддиретровирусӣ дар Тоҷикистон дастрас буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)  зиндагикунанда ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар сурати истифодаи саривақтии доруҳо ва ҷиддӣ риоя намудани беморӣ, ВНМО идорашаванда мебошад. Дар ҳолати табобати саривақтӣ ва истеъмоли дору нафарони гирифтори ин беморӣ метавонанд фарзандони солим ба дунё оранд.

Дар семинар ба иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) аз ҷониби мутахассисони соҳа маълумот пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон иштирокчиён доир ба стандартҳои табобат ва дастгирии занони ҳомиладори гирифтори ВНМО ва занони ҳомила, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд дар Олмон ва Тоҷикистон низ баромад карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2026
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 2,938
  • 1,506
  • 1,137,916