Таъмини омӯзгорону бозомӯзон бо борхалтаҳои тиббӣ

Таъмини омӯзгорону бозомӯзон бо борхалтаҳои тиббӣ
Феврал 01
09:22 2022

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва заминаи моддию техникӣ дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, дар асоси Нақшаи кории Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои давлатии таълимӣ дар самти тибби оилавӣ борхалтаҳои тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Ин борхалтаҳои тиббӣ, ки аз таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии таъҷилии тиббию снитарӣ ва ташхиси аввалия иборат мебошанд,  ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва зерсохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кафедраи тибби оилавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тадурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар заминаи Маркази саломатии шаҳрии №1 дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Борхалтаҳои тиббӣ барои табибони омӯзгор 55 адад ва барои омӯзгорони кормандони миёнаи тиб 24 адад дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, борхалтаҳои тиббӣ барои 35 нафар табибон ва 107 нафар кормандони миёнаи тиб, бозомӯзони даври дуюми бозомӯзии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси “Тиббӣ оилавӣ” аз ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа ва ординаторони клиникӣ аз рӯи ихтисоси “Тибби оилавӣ” аз  кафедраи тибби оилавии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тадурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан низ аз тарафи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, барои таълимгирандагони даврҳои омӯзишии шашмоҳаи тибби оилавӣ борхалтаҳои тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412