Таъмири Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология” дар арафаи анҷомёбист

Таъмири Маркази таълимӣ-клиникии  “Стоматология” дар арафаи анҷомёбист
Август 26
12:33 2019

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таъмирӣ капиталӣ  дар Маркази таълимӣ-клиникии  “Стоматология”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои ба стандартҳои  ҷаҳонӣ  ва талаботҳои санитарӣ  ҷавобгў намудани ин марказ дар арафаи анҷомёбист.

Тасмим гирифта шудааст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази мазкур аз таъмири пурраи капиталӣ бароварда шуда, бо тамоми шароитҳои корӣ таъмин ва  ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шавад.

Қобили зикр аст, ки  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тамоми шароити заруриро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишомӯзии  донишҷӯён, рушди ҳамаҷонибаи табиби оянда таъмин мекунад.

Дар донишгоҳи мазкур дар партави рушди технологияҳои инноватсионӣ, дарки нави мазмуну мундариҷаи фазои таълимӣ ташаккул меёбад, ки шаклҳои суннатӣ, усулҳо, равишҳо ва воситаҳои таълимиро ба ҳам муттаҳид мекунад. Ҳамаи ин имкониятҳои нави омӯзиш, мониторинг ва арзёбӣ кардани дониши донишҷӯён, баланд бардоштани имкониятҳои тадқиқотӣ ва рушди донишгоҳ, ҷорӣ намудани моделҳои нави идоракуниро фароҳам меоварад.

Дар ин бора дафтари матбуоти донишгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2025
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1
  • 2,085
  • 1,070,412